Дар Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №10-и шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангиву адабӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо шинос намудани кӯдакон бо мероси адабию фарҳангии миллати тоҷик ва бедор намудани шавқу завқи онҳо ба китобу шеър ва сухани ноб мебошад.
Дар доираи чорабинӣ инчунин намоиши дастовардҳои тарбиятгирандагони муассиса ташкил карда шуд. Дар он корҳои дастии кӯдакон, расмҳо, ҳунарҳои эҷодӣ ва дигар намунаҳои фаъолияти онҳо ба маъраз гузошта шуданд.
Аз намоиш муовини раиси шаҳри Бохтар ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр боздид намуда, бо дастовардҳои тарбиятгирандагон шинос шуданд.
Масъулон зимни боздид ба сатҳи омодагӣ, фаъолияти эҷодии кӯдакон ва саҳми мураббиён дар рушди қобилиятҳои зеҳниву эҷодии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба масъулини муассиса ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоди кӯдакон тавсияҳо дода шуд.
Қисмати асосии чорабинии фарҳангӣ ба эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуд. Тарбиятгирандагони кӯдакистон дар васфи устоди сухан шеърҳо қироат намуда, бо иҷрои суруду саҳначаҳои тарбиявӣ ва барномаи фарҳангӣ аз осори гаронбаҳои сардафтари адабиёти классикии тоҷик ёд карданд.
Чунин чорабиниҳо аз синни хурдсолӣ дар зеҳни кӯдакон муҳаббат ба китобу адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои миллиро тақвият бахшида, барои рушди ҷаҳонбинӣ ва қобилиятҳои эҷодии онҳо замина фароҳам меоранд.

Рӯзи Рӯдакӣ дар Бохтар
Блоки рекламавӣ


