Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрел, соати 14:00 дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мешавад.
Дар чорабинӣ озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе базмҳои идона, ҳамоишу ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ доир мегарданд

Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад
Блоки рекламавӣ


