29 августи соли равон дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин таҳкими фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат мебошад.

Дар доираи Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо намунаҳои молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят шинос шаванд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меорад, ки меҳмонон бо суннатҳои меҳнатӣ, ҳунарҳои миллӣ ва фарҳанги ғании мардуми Хатлон аз наздик ошно гарданд.

Қисмати муҳими чорабинӣ барномаи рангини консертӣ хоҳад буд. Ҳунармандон ва аҳли фарҳанги вилояти Хатлон бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, барои сокинон ва меҳмонони пойтахт фазои идона ва хотирмон фароҳам меоранд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар заминаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос дошта, барои муаррифии фарҳанги минтақаҳо, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тақвияти эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ мусоидат мекунад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе рӯзи 29 август метавонанд дар ин чорабинии фарҳангӣ иштирок намуда, аз барномаи консертӣ ва намоишҳои омодашуда дидан кунанд ва бо дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе аз 6 июн оғоз гардида, то 23 августи соли равон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мешаванд. Ин иқдом барои муаррифии фарҳангу ҳунар, анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои минтақаҳои гуногуни кишвар ба сокинон ва меҳмонони пойтахт заминаи мусоид фароҳам меорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь