Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни мулоқот аз ҳамкории мутақобили судманду фарҳангии ду давлати дӯст -Тоҷикистону Покистон ёдовар шуд. Иброз гардид, ки ин ҳамкорӣ дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбад.
Ёдовар мешавем, ки охири соли 2025 дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон бори нахуст рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буданд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон
Блоки рекламавӣ


