Агар муҳоҷир пардохти пешакии ҳармоҳаи андози даромади шахсиро (НДФЛ) пардохт накунад, патенти ӯ ба таври худкор беэътибор мешавад.
ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия хабар медиҳад, ки ин система аз 10 август эътибор пайдо кард. Ба гуфтаи вазорат, хориҷиёне, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, бояд пардохти пешакии ҳармоҳаро анҷом диҳанд. Дар сурати пардохт накардани пардохт, патент қатъ карда мешавад. Вазорат инчунин тавсия дод, ки ҳангоми пардохт аз ҷониби шахси дигар аз номи онҳо маълумоти пурраи муҳоҷир (ному насаб, санаи таваллуд ва рақами мушаххаси андозсупоранда) пешниҳод карда шавад, то баҳисобгирии дақиқи пардохтҳо таъмин гардад.
Агар муҳоҷир бо қарори бекоркунӣ розӣ набошад, метавонад бо пешниҳоди баргаҳои аслии пардохт (НДФЛ) ба идораи маҳаллии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.
Хотиррасон бояд кард, ки аз 1 январи соли 2027, Русия талаботро барои коргарони хориҷӣ сахттар мекунад: онҳо бояд даромади кофӣ барои таъмини худ ва аъзои оилаашонро исбот кунанд, вагарна патент ё иҷозатномаи кори онҳо тамдид карда намешавад.
Аз 1 октябри соли 2026, мақомоти андоз интиқоли маълумотро дар бораи даромади муҳоҷирон ба Вазорати корҳои дохилӣ оғоз мекунанд.



