Мақомоти Русия мехоҳад, ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро 12 баробар зиёд кунад. Хабаргузории РКБ аз қавли манобеаш навиштааст, лоиҳаи ин қонунро ҳукумат дастгирӣ кардааст.Тибқи ин ислоҳот, аз ҷумла, гирифтани шаҳрвандии Русия ё баромадан аз он аз 4 ҳазор рубл ба 50 ҳазор рубл зиёд мегардад.
Нархи иҷозати истиқомати муваққат ҳам аз 1920 рубл ба 15 ҳазор рубл афзоиш меёбад. Дар сурати қабули ин қонун, арзиши иҷозаи доимӣ то 30 ҳазор рубл аст. Феълан арзиши ин ҳуҷҷат 6 ҳазор рубл мебошад.
Лоиҳаи қонун пешбинӣ мекунад, ки шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, иштирокчиёни барномаи кӯчонидан (переселение) ва онҳое, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина иштирок доранд, аз пардохти ин боҷҳои давлатӣ озод ҳастанд.
Мақомоти Русия мегӯянд, аз тариқи зиёд кардани боҷи давлатӣ барои муҳоҷирон, мехоҳанд хароҷот барои гузаронидани санҷишҳоро пӯшонанд.
Баъзе вакилони Думаи давлатӣ, аз ҷумла Константин Затулин гуфтааст, ин сахтгириҳо ба бозори меҳнат ва муносибати Русия бо кишварҳои дигар ҳатман зарараш бештар аст.

Русия ҳаҷми боҷҳои давлатиро барои муҳоҷирон зиёд кард
Блоки рекламавӣ


