Номи ширкати “Руфтоб” дар аввали моҳи майи имсол дар як хабари Кумитаи сармоягузорӣ расонаӣ шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ба як ширкат барои насби панелҳои офтобӣ дар корхонаҳо имтиёз ва сабукиҳои зиёд додааст. Созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати “Руфтоб” дар Маҷлиси Намояндагон тасдиқ шуд.
Фаррух Юсуфзода, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ, рӯзи 26-уми майи имсол дар ҳузури вакилон, гуфтааст “мақсади асосии лоиҳа муҷаҳҳаз гардондани корхонаҳо ва истифодабарандагони дигар бо панелҳои офтобӣ, афзоиши истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ, коҳиш додани норасоии иқтидор дар низоми энергетикӣ ва сабук намудани шабакаҳои барқ дар соатҳои авҷи сарборӣ мебошад.”
Ширкати “Руфтоб” ният дорад то соли 2030 бо иқтидори то 2000 мегават панелҳои офтобӣ насб мекунад. Сармоягузорӣ дар ин тарҳ, ба иттилои расмӣ, то як миллиард доллари Амрико пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ, ҳукумат ба ширкати “Руфтоб” имтиёз ва сабукиҳои зиёде додааст. Аз ҷумла, ин ширкат аз рӯзи фаъолияти тиҷоратияш ба муҳлати панҷ сол аз пардохти андоз ё молиёт аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ озод буда, дар идомаи кораш фақат нисфи ин молиётро месупорад.
Ҳамчунин, ширкати “Руфтоб” аз пардохти ними андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ озод шудааст: “Воридоти таҷҳизот, панелҳои офтобӣ, мошинҳо, мавод ва дигар молу маҳсулоти зарурӣ барои сохтмон ва татбиқи лоиҳа аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷу пардохтҳои гумрукӣ пурра озод карда мешаванд,” – гуфт Фаррух Юсуфзода.
Ҳукумати Тоҷикистон дар охири соли 2025 воридоти панелҳои офтобиро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда буд.
Ҳукумати Тоҷикистон насби панелҳои офтобиро як роҳи ҳалли масъала медонад. Қарор аст, имсол дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ашт ду нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 мегават соат барқ сохта шавад.

“Руфтоб” ба майдон мебарояд!
Блоки рекламавӣ


