Мухаметов Мирзоаҳмад, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти ҳаракати бадахлоқона гумонбар дониста мешавад.
Кирдорҳои ҷиноятии номбурда дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ошкор карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки Мухаметов М. ҳамчун ронандаи мусофирбар фаъолият намуда, ҳангоми аз муассисаи таълимӣ ба манзили истиқоматӣ бурдани як нафар ноболиғи 11-солаи сокини шаҳри Душанбе, воситаи нақлиётро дар ҷойҳои хилват таваққуф намуда, нисбати ӯ ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ анҷом медодааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Мухаметов Мирзоаҳмад тибқи талаботи моддаи 142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь