Аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ беш аз 3 ҳазор ронандаи қонуншикан ба маблағи наздики як миллион сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Сардори ниҳоди мазкур Абдуллозода Баҳром ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки давоми 4 моҳи соли ҷорӣ зимни гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони онҳо 3 ҳазору 27 ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт ошкор карда шудааст.
Ӯ гуфт, ки нисбати ронандагони қонуншикан ҳуҷҷат тартиб тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 971 ҳазору 796 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Дар ин давра 145 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронвазн барои риоя накардани меъёри вазн ҷарима гардидаанд.
Блоки рекламавӣ



