Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои азнавсозӣ ва асфалтпӯшкунии роҳи мошингарди Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе боздид намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳана шинос шуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва дастгирии соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонзода пурра азнавсозӣ ва мумфарш карда мешавад. Дарозии умумии қитъаи роҳ 18 километрро ташкил дода, пас аз анҷоми корҳо шароити ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинони маҳаллӣ ба таври назаррас беҳтар хоҳад шуд.

Раиси вилояти Хатлон ба сифати корҳои иҷрошаванда таваҷҷуҳ намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва анҷоми саривақтии корҳои роҳсозӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Даҳана аз рафти сохтмони Маркази хизматрасонӣ барои баргузории тӯю маъракаҳо низ боздид кард. Зикр гардид, ки иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории маъракаҳои сокинон бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонии дигар иншооти ҷашнӣ, ки бахшида ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар ҳудуди ҷамоат бунёд мешаванд, шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ тавсияҳои зарурӣ дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь