Дар доираи нақшаи корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент давоми солҳои охир бо саҳмгузории сокинон ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шуданд.
Ҳоло бошад бо ташаббус ва саҳмгузории сокинон ва муҳоҷирони меҳнатии деҳаи Сор ба мумфарш намудани роҳи байни деҳа шурӯъ намуданд.
Тавре ташаббускорони ин иқдом иттилоъ доданд, дар навбати аввал мумфарш намудани 3 километр роҳ то деҳаи Хурмӣ пешбинӣ шуда, ба ин кор техникаҳои роҳсозии муассисаи давлатии истифодаи роҳҳои автомобилӣ ва сокинон ҷалб карда шудаанд.
То имрӯз наздик ба як километр роҳ мумфарш шуда, бо мусоид шудани вазъи обу ҳаво ин кор вусъат дода мешавад.
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр соли равон бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо мумфарш намудани 28,6 километр ва шағалпӯш кардани 109 километр роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь