Дар ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Бохтар роҳбари нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар — Ривоҷзода Каримҷон Сайнабӣ, ки ба ин вазифа тоза таъин гардидааст, муаррифӣ карда шуд.
Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни суханронӣ ба роҳбари нави сохтори мазкур дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо ҷинояткорӣ барору комёбӣ таманно намуд.
Зикр гардид, ки таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.
Раиси шаҳр таъкид намуд, ки дар шароити кунунӣ ҳамкории самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеа метавонад дар таъмини суботу оромӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо нақши муҳим дошта бошад.
Роҳбари нави Раёсати ВКД дар шаҳри Бохтар Ривоҷзода Каримҷон Сайнабӣ фаъолияти худро дар ин вазифа бо масъулияти баланд ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таъмини тартиботу амнияти ҷамъиятӣ идома хоҳад дод.



