Муҳсин Ризоӣ, мушовири низомии раҳбари олии Эрон, таҳдид кард, ки агар ҷанги иқтисодии ИМА идома ёбад, содироти нафтро тавассути Халиҷи Форс қатъ мекунанд.
“Агар ҷанги иқтисодӣ идома ёбад, як қатра нафт ҳам содир нахоҳад шуд – на тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз ва на аз ҳар ҷои дигари Халиҷи Форс”,- навиштааст ӯ дар X.
Ризоӣ инчунин ҳушдор дод, ки Теҳрон иштирок ё дастгирии ҳар кишварро дар ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон “амали ҷанг” хоҳад донист.
Блоки рекламавӣ



