Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар корхонаи ҶДММ “Ирода-инвест” шинос гардид.
Таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, айни ҳол беш аз 70 фоизи корҳои васлу насби он анҷом ёфтааст. Бо оғоз гардидани фаъолияти корхона зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мешаванд.
Баъди ба фаъолият оғоз намудани корхона дар як шабонарӯз то 200 тонна ва дар як сол беш аз 70 ҳазор тонна гандум коркард мегардад.
Дар идома Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсоли орди ҶДММ “Фатир Агро” шинос гардид. Иншооти мазкур аз ҷумлаи корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд мегардад.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона имконият фароҳам меояд, ки дар як шабонарӯз то 1000 тонна гандум коркард карда шавад. Баъди ба фаъолият оғоз намудани он дар се баст то 500 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар иншоот 70 фоиз иҷро гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки он низ то ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.
Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифта, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.

Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Блоки рекламавӣ


