Зимни сафари корӣ ба ноҳия Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб бо раванди корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд.
Тибқи иттилои масъулин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» бунёди беморхонаи минтақавӣ идома дорад.
Беморхонаи мазкур барои 20 кат пешбинӣ гардида, аз 6 шуъба иборат мебошад, ки барои ташхису табобати босифати беморон шароити мусоид фароҳам меорад. Барои сохтмони ин иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ беш аз 6 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, баъди ба истифода додан он бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ пурра таъмин хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аҳамияти бунёди чунин иншоотро дар деҳоти дурдаст таъкид намуда, онро омили муҳим дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Такфон баъди навсозӣ ба як муассисаи замонавӣ табдил ёфтааст. Қобили зикр аст, ки муассиса дорои низоми мустақили гармидиҳӣ буда, аз панелҳои офтобӣ низ самаранок истифода мебарад.
Дар идомаи сафари корӣ ба деҳаи Такфон Раиси вилоят аз муассисаи таҳсилоти томактабии навбунёд дидан намуд. Ин кӯдакистон бо иқдоми ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» бунёд гардида, барои 120 нафар кӯдак шароити муосири таълиму тарбия фароҳам овардааст. Супориш дода шуд, ки дар дигар деҳоти дурдасти ноҳия низ бунёди чунин муассисаҳо ба роҳ монда шавад.
Дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ бо саҳми ҶДММ «Фон-Яғноб» бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бунёд гардида, барои хонандагон шароити муносиби таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ
Блоки рекламавӣ


