20 апрел ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо сафари корӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия ташриф овард.
Дар доираи сафар нахуст дар Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия мулоқоти дуҷонибаи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас, бо иштироки ҳайати вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Сергей Катирин аз густариши пайвастаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни минтақаҳои ду кишвар ёдовар шуда, афзуд, ки баргузории вохӯриҳои муштарак ба як анъанаи нек табдил ёфтааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодии минтақа зикр кард, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ рушд ёфта, меваҳои хушсифат, аз ҷумла зардолу, шафтолу, гелос, ангур ва анор истеҳсол мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар вилоят зиёда аз 80 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, дар вақти мавсим ҳамарӯза то 1000 тонна маҳсулоти содиротӣ ба бозорҳои Федератсияи Русия интиқол дода мешавад.
Дар баробари ин, ба рушди соҳаи саноат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Қайд карда шуд, ки вилояти Суғд имкон дорад бо сармоягузории муштарак корхонаҳои навро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла саноати сабук ба истифода дода, истеҳсоли маҳсулоти тайёрро ба роҳ монад.
Ҳамзамон, имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд муаррифӣ гардида, ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Русия яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ шуд.
Раиси Шӯрои соҳибкории Россияву Тоҷикистон Ислом Назаралиев зимни баромади худ экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё»-ро намунаи муваффақи чорабинии иқтисодиву фарҳангӣ номида, нақши вилояти Суғдро дар баргузории чорабиниҳои калидии он, аз ҷумла форуми «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» дар шаҳри Хуҷанд, муҳим арзёбӣ кард.
Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва роҳбарони сохторҳои давлативу тиҷоратии Федератсияи Русия, аз ҷумла Владимир Платонов, Анатолий Голтсов ва Сергей Журавлев, доир ба таҷрибаи ҳамкорӣ бо вилояти Суғд андешаҳои худро баён карданд.
Сипас, дар Маркази конгрессии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Суғд баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 200 намояндаи доираҳои соҳибкорӣ ширкат варзида, бо иқтидори иқтисодии минтақа аз наздик шинос шуданд.
Дар ҳошияи муаррифии имкониятҳо барномаи фарҳангӣ низ пешкаши иштирокдорон шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь