4 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи “Ҷавонӣ” шинос гардид.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавонӣ” тамоми марҳилаҳои истеҳсол, аз ресандагӣ то дӯзандагӣ ва тамғагузориву омодасозии маҳсулот ба таври муосир ба роҳ монда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози фаъолияти корхона то имрӯз наздик ба 60 миллион евро сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст.
“Ҷавонӣ”, ки яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии вилоят ба ҳисоб меравад, ҳоло 800 корманд дорад ва 98 дарсади маҳсулоти он ба Аврупо содирот мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳми корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ “Ҷавонӣ”-ро дар рушди иқтисоди вилоят муҳим арзёбӣ намуда, дастур дод, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида ва дастгириҳои давлат ҳаҷми истеҳсолот ва номгӯи маҳсулот боз ҳам афзоиш дода шавад.

Раҷаб Аҳмадзода дар корхонаи “Ҷавонӣ”
Блоки рекламавӣ


