Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар мавсими нави обрасонӣ расман оғоз бахшида шуд. Иншооти обрасонӣ сари вақт ба мавсим омода гардида, интизор меравад, ки обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ бе мушкил ба роҳ монда шавад.
Кишоварзони ноҳия аз шароити мусоиди обу ҳаво самаранок истифода бурда, ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, вусъат мебахшанд. Раиси вилоят зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии “Муродхӯҷа” бо дурнамои сохтори кишти зироатҳо дар соли 2026 шинос гардид.
Дар доираи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли ришта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик-Ян” ошно шуд.
Айни замон корхона то 50 дарсади пахтаи истеҳсолшудаи ноҳияи Ҷаббор Расуловро коркард намуда, аз он ришта истеҳсол мекунад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави истеҳсолӣ дар оянда имконият фароҳам меояд, ки тамоми ҳосили пахтаи ноҳия дар дохил коркард гардад.
Зимни боздид Раиси вилоят иқдоми роҳбарияти ҶДММ “Органик-Ян”-ро ҷиҳати рушди истеҳсолот ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда баланд арзёбӣ намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси вилоят инчунин бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бунёди кудакистон, навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, беморхонаи марказӣ шинос гардида, барои татбиқи лоиҳаҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Блоки рекламавӣ


