Агар кишварҳои Ғарб киштиҳои тиҷоратии русиягиро боздоранд, Русия низ чунин посух хоҳад дод. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия аз киштии мушакии “Варяг” ҳангоми машқҳои Флоти Уқёнуси Ороми Русия баён дошт.
«Мо мебинем, ки мақомоти баъзе кишварҳо бо вайрон кардани қонунҳои байналмилалии баҳрӣ кӯшиш мекунанд, ҳаракати киштиҳои ба операторони мо тааллуқдоштаро маҳдуд кунанд. Дар ҳамин ҳол, киштиҳои дигарро низ. Ба наздикӣ онҳо ҳатто фикри мусодираи киштиҳои мо ва фурӯхтани амволеро, ки аз мо дуздидаанд, ба миён оварданд… Агар ин амалӣ шавад, мо маҷбур мешавем, ба ҳамин монанд посух диҳем», – гуфт президент.
Владимир Путин амалҳои кишварҳои ИА-ро алайҳи киштиҳои Русия роҳзанӣ ва ғоратгарӣ номид. Вай афзуд, ки зарурати чораҳои ҷавобиро худи Русия муайян мекунад.
Фармондеҳи Флоти Уқёнуси Ором ба Путин гуфт, ки Русия тамоми имкониятҳоро барои тафтиш ва боздошти киштиҳои тиҷоратии кишварҳои нодӯст дар минтақаи масъулияти Флоти Уқёнуси Оромро дорад.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои узви ИА ва NATO аз эҳтимоли шуруи ҷанг миёни Русия ва Аврупо ҳарф мезананд.



