Суди конститутсионӣ ба Қосим Ҷомарт Токаев иҷозат дод, ки барои мӯҳлати нав дубора интихоб шавад
Суди конститутсионии Қазоқистон хабар дод, ки пас аз эътибор пайдо кардани Конститутсияи нави кишвар, мӯҳлати президентии давраи пешини Сарвари амалкунандаи давлат Қосим Ҷомарт Токаев ба сифр бароварда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки Токаев акнун метавонад дар интихоботи навбатии соли 2029 номзад шавад, сарфи назар аз манъи интихоби дуборааш.
1 июл дар Қазоқистон Конститутсияи нав, ки дар натиҷаи раъйпурсии моҳи март қабул шуда буд, ба иҷро даромад (қабули онро 87,15% шаҳрвандон дастгирӣ карданд). Дар робита ба ин, президент Қосим Ҷомарт Токаев ба суди Конститутсионӣ (КС) барои шарҳи расмӣ муроҷиат кард, ки “оё шахсони дар давраи амали Конститутсияи пешини соли 1995 вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол карда, метавонанд дубора интихоб е таъин карда шаванд? Дар натиҷа, суди Конститутсионӣ 7 июл ба дархости президентӣ посух дод ва шарҳе нашр кард, ки дар он гуфта мешавад “таъини чунин шахсон ба вазифаҳои дахлдор пас аз эътибор пайдо кардани Конститутсияи соли 2026 ҳамчун интихоби аввал ё таъинот баррасӣ карда мешавад”. Ҳамин тариқ, КС тасдиқ кард, ки мӯҳлатҳои қаблии президентии сарвари амалкунандаи давлат ба сифр баробар мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь