26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сипас, бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор дода шуд. Дар идома дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ дода шуданд. Инҳо корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гаҷ», корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Агромикси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талко Кемикал, роҳи Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе, роҳи Ёвон-Ваҳдат-Норак, бинои нави Муассисаи таълимии рақами 84 ва чанд иншооти дигар ҳастанд.



