21 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи Нилкони Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири гиромидошти Нависандаи халқии Тоҷикистон, шодравон Кароматуллоҳи Мирзо барнома фарҳангию адабӣ баргузор гардид.
Иброз гардид, ки Кароматуллоҳи Мирзо ҳамчун адиби соҳибсабк, инсони хоксору маърифатпарвар ва тарғибгари арзишҳои миллӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Осори ӯ имрӯз низ маҳбуби хонандагон буда, дар тарбияи маънавии насли наврас нақши муассир дорад.
Зимни ҳамоиш дӯстону ҳамкасбони шодравон Кароматуллоҳи Мирзо гуфтанд, ки адиб тамоми умри худро ба хизмати адабиёт, фарҳанг ва маърифати ҷомеа бахшид. Осори пурмуҳтавои ӯ саршор аз идеяҳои ватандӯстӣ, инсонгароӣ, ахлоқи ҳамида ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ буда, барои ҷавонон ҳамчун мактаби тарбия хизмат мекунад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз дӯстию ҳамкории солҳои тӯлонӣ бо марҳум доштааш қисса намуда, ӯро шахсияти соҳибандеша ва вафодор ба рисолати адибӣ номид.
Инчунин аз таъсири эҷодиёти адиб дар рушди насри тоҷик ва насли нав ёдоварӣ карда шуд.
Аз ҷониби хонандагони муассиса саҳнаҳои тарбиявӣ ва қироати порчаҳои насрӣ аз эҷодиёти нависанда пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь