Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 27 апрел дар баёнияаш аз ин шахс Наҷмудинзода Д.А. ном бурдааст. Вай дар раёсати заминсозии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” – и пойтахт ба ҳайси муттахассис кор мекард.
Ба иттилои Оҷонсӣ, тафтишот маълум кард, ки гумонбар соли 2025 барои ҳуҷҷатгузории қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокин 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи манбаъ барои ҳуҷҷатгузории замин ҳамагӣ 1000 сомонӣ пардохти давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбат ба ин мансабдор барои тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Блоки рекламавӣ



