Ҷустуҷӯи ҷасади Орифа Мирзонаботзода, духтари раиси пешини ВМКБ, дар дарёи Панҷ идома дорад. Дари ин бора раҳбари КҲФ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни нишасти хабарияш иттилоъ додааст.

Ӯ гуфтааст, ки ҷустуҷӯҳои рӯйиобӣ, зериобӣ бо ҳузури наҷотдиҳандагон ва ҷалби аҳолии маҳаллии соҳили рӯди Панҷ идома дорад.

Орифа Мирзонаботзода, сесолаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳ бо волидону ду ҳамкори падараш рӯзи 17 июн ба об рафта буданд. Ҷасади ҳамаи дигар ғарқшудгон ёфт шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь