26-уми август Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Данғара рафт.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сокинаро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобхонаи хуштарҳу муосир, ки дар паҳлуи муассиса сохта шудааст, оғоз бахшид.
Сипас, дар деҳаи Шаҳбур Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ кард. Дар идома бинои нави Нозироти андози ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. Баъд дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахши ноҳия бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин, дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат дар маҳаллаи 9-уми шаҳраки Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, бо шароити фароҳамгардида шинос шуд.



