Хадамоти матбуоти президенти Арманистон таъйин шудани Никол Пашинянро ба мақоми сарвазир эълон кард.

Қаблан, фраксияи ҳукмрони “Қарордодҳои шаҳрвандӣ” Пашинянро ба мақоми сарвазир пешбарӣ карда буд. Рӯзи якшанбе президенти Арманистон Ваагн Хачатурян фармонеро дар бораи истеъфои ҳукумат имзо кард.

“Мувофиқи моддаи 130 Конститутсияи Арманистон, истеъфои ҳукуматро қабул карда шавад”, – гуфта мешавад дар фармоне, ки дар вебгоҳи президент нашр шудааст.

Рӯзи якшанбе ҷаласаи нуҳуми Маҷлиси миллии Арманистон, ки пас аз интихоботи 7 июн ташкил шудааст, оғоз ёфт. Сарвазир Никол Пашинян изҳор дошт, ки мувофиқи моддаи 158-и Конститутсия, ҳукумат дар рӯзи аввали парлумони нав истеъфо медиҳад. Ӯ изҳор дошт, ки то ташкили ҳукумати нав, аъзои мақомоти иҷроия ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳанд.

“Мувофиқи моддаи 149 Конститутсия, президенти Арманистон фавран номзадеро, ки аз ҷониби аксарияти парлумонӣ пешниҳод шудааст, ба мақоми сарвазир таъин мекунад. Имрӯз аксарияти бештари парлумон номзадеро пешбарӣ мекунад ва таъинот сурат хоҳад гирифт”, – гуфта буд ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь