Қамчибек Ташиев, раиси собиқи КДАМ-и Қирғизистон тасдиқ кард, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Вай аз чеҳраи таъсиргузор дар Қирғизистон ва дӯсти наздики Содир Ҷабборов, президенти ин кишвар буд, моҳи феврали имсол аз мақомаш гирифта шуд. Ӯро дар Тоҷикистон бештар дар робита ба ҳарфҳояш дар мавриди дақиқ кардани хатти марзӣ миёни ду кишвар мешиносанд.
Откурбек Раҳмонов, директори шабакаи “Регион ТВ” ва аз афроди наздик ба Ташиев рӯзи 29-уми апрел дар саҳифаи фейсбукиаш муроҷиатномаи раҳбари собиқи КДАМ-ро нашр кард. Дар ин муроҷиатнома Ташиев тасдиқ кардааст, ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, вале бегуноҳ аст.
Ӯ гуфтааст, ки ба адолати додгоҳӣ бовар дорад, ки танҳо “гунаҳкорро ҷазо медиҳанд ва бегуноҳро сафед мекунанд. Ман тамоми имкониятро дорам, ки пурра худамро дар ин парванда ҳимоя кунам”–гуфтааст Тошиев.
Пештар хабар расида буд, ки рӯзи 28-уми апрел Қамчибек Ташиев, раҳбари собиқи КДАМ, Нурлан Тургунбек, раиси собиқи парлумон ва Курманқул Зулушев, собиқ Додситони кулли Қирғизистон аз ҷониби муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ бозпурсӣ шудаанд.
Маълум нест онҳо ба чӣ айбдор мешаванд, вале расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки мансабдорони собиқ дар доираи парвандаи муроҷиати 75 чеҳраи маъруф дар робита ба пешниҳоди баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ бозпурсӣ шудаанд.
Моҳи феврали имсол 75 мансабдор ва чеҳраҳои маъруф нома навишта, баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентиро хоста буданд. Чанд тан аз онҳо бо гумони қасди табаддулоти давлатӣ боздошт шуданд.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо хабаргузории “Kaktus.media” гуфт, ки даст доштани Ташиев дар “номаи 75 нафар”-ро тафтишот маълум мекунад.
ВКД-и Қирғизистон чанд тан аз имзокунандагони ин номаро боздошт кард.
Содир Ҷабборов рӯзи 10-уми феврал, як рӯз пас аз нашри ин муроҷиатнома, Қамчибек Ташиевро аз мансабаш барканор ва сохтори КДАМ-ро тағйир дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь