Маҷлиси бузурги миллии Туркия (парлумон) лоиҳаи қонунро дар бораи манъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 15-сола қабул кард. “Масъулият барои санҷиши синну сол ба дӯши провайдерҳои ин хидматгузориҳо гузошта шудааст” – хабар медиҳад Агентии Anadolu.
Тибқи ҳуҷҷат, провайдери шабакаи иҷтимоӣ вазифадор аст, ки чораҳои зарурӣ, аз ҷумла санҷиши синну соли корбарро андешад, то наврасон дар платформа сабти ном нашаванд. Провайдерҳои хидматрасон инчунин вазифадор карда шуданд, ки қоидаҳои нисбати шаҳрвандони Туркия амалкунандаро дар веб-захираҳои худ нашр кунанд. Дар баробари ин, парлумони кишвар санадҳои пурзӯр кардани назорати волидонро қабул кард, ки ба амалҳои онлайн, ба монанди танзимоти ҳисоб, амалиёти пулакӣ, обуна ба каналҳо ва ғайра паҳн карда мешаванд. Ғайр аз он, барои корбарони калонсол механизмҳои пайгирӣ ва маҳдуд кардани вақти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби фарзандони онҳо таҳия карда мешаванд. Навоварӣ ба захираҳои зиеде, аз ҷумла YouTube, TikTok, Facebook ва Instagram таъсир мерасонад. Соҳибони ин платформаҳо бояд мустақилона раванди эҷоди ҳисобро аз ҷониби наврасони то 15-сола манъ кунанд. Дар акси ҳол, мақомоти Туркия таҳримҳоро татбиқ мекунанд: ҷарима е коҳиши қобилияти интиқоли шабакаи интернетӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь