Ҳукумати Тоҷикистон меъёри пардохти экологиро барои овардани маводи сӯхт муқаррар сохт. Бар асоси қарори ҳукумат, минбаъд аз ҳар тонна бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ 30 евро пардохти экологӣ мегиранд.
Дар санад омада, ки “пардохти экологии мазкур як маротиба зимни воридот бидуни минбаъд ситонидани маблағ барои истифодаи сӯзишворӣ”, гирифта мешавад.
Ҷорӣ кардани пардохти экологӣ барои маҳсулоти нафтиро ҳафтаи гузашта Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон низ тасдиқ карда буд. Ҳозир ҳангоми ворид кардан ба Тоҷикистон аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро андози аксиз ситонида мешавад.
Акнун аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 100 евро молиёт ё андоз мегиранд.

Блоки рекламавӣ