Масъалаҳои вобаста ба бартараф намудани оқибати сели санаи 19 июни соли равон дар деҳаи Роҷи деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент шоми дирӯз дар ҷаласаи Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар маҳалли ҳодиса бо иштироки раиси шаҳр, сардори ситод Абдухолиқ Холиқзода ва муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Ҷамшед Кӯчаков мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи гузориши муовини сардори ситоди шаҳрӣ, сардори шуъбаи шаҳрии раёсати вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умед Миров ба асари офати табиӣ ба 45 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон, хонаи фарҳанги деҳа лойоба ва қуму шағал даромада, дар маҷмӯъ аз сел 123 гектар заминҳои кишт, дар масофаи 1200 метр роҳҳои маҳаллӣ зиён дидаанд.
Ҳамчунин 3 пули байни деҳа,2 пойгоҳи обкашӣ, 10 адад симчӯб ва дар масофаи 2 километр хати барқ аз байн рафта, 15 сар чорвои калон ва майда, 3 автомобил нобуд шудаанд.
Бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҳашарчиён аз деҳаҳои ҳудуди деҳоти Амондара 20 манзили истиқоматӣ аз лойоба тоза карда, дар дигар хонаҳои истиқоматии зиёндида корҳои тозакунӣ идома доранд.
Дар ин муддат хатҳои барқи зиёндида барқарор карда, ҳоло деҳа бо барқ таъмин мебошад. Давоми ду рӯзи гузашта ҳамчунин дар масофаи 120 метр сарбанди ҷӯйе, ки деҳаро бо оби полезӣ ва нӯшокӣ таъмин мекунад тоза карда, ин кор ҳоло идома дорад.
Дар ҷаласа ба аъзоёни Ситод, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҷалбшуда, ҷамоати деҳот дастур дода шуд, ки бо ҷалби бештари техника ва ҳашарчиён корҳои барқароркунии оқибати офати табиӣ, дар навбати аввал аз лойоба тоза намудани манзилҳои зиёндида, барқарор намудани ҷӯи деҳа, ки манбаъи оби нӯшокӣ ва полезӣ аст, тезонида шавад.

Панҷакент: Паёмади сел бартараф мешавад!
Блоки рекламавӣ


