Палатаи намояндагони ИМА бо 215 овоз бар зидди 208 овоз қатъномаеро қабул кард, ки салоҳиятҳои Доналд Трампро барои оғоз е идомаи амалиёти ҷангӣ алайҳи Эрон бидуни иҷозати Конгресс маҳдуд мекунад.
Нақша бо дастгирии аксари намояндагони демократҳо ва ҳамроҳшавии чор ҷумҳурихоҳ қабул шудааст; иқдоме, ки нозирони сиесӣ онро ҳамчун нишонаи нигаронии зиёд аз паҳншавии танишҳои низомӣ байни Вашингтон ва Теҳрон арзебӣ мекунанд. Тибқи ин қатънома, президенти ИМА бояд иҷозати расмии Конгрессро барои ҳама гуна амалиети нави низомӣ алайҳи Эрон гирад, агар таҳдиди мустақими ИМА вуҷуд надошта бошад. Қабули ин нақша дар ҳолате сурат гирифт, ки дар ҳафтаҳои охир танишҳо байни Эрон ва ИМА афзоиш ефтанд ва дар фазои сиёсии Вашингтон баҳсҳо дар бораи имконияти дахолати мустақими низомӣ дубора ба миен омаданд.



