Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди синамои миллӣ, махсусан филмҳои ҳунарии бачагона Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Озмуни ҷумҳуриявии сенариянависонро таҳти унвони «Кӯдакону наврасон–ояндаи миллат» эълон намуд.
Ҳадаф аз баргузории озмун тарғиби арзишҳои миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, дӯстию рафоқат, ростқавлӣ ва ташаббускорӣ байни кӯдакону наврасон аст.
Филмномаҳо бояд ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро инъикос намуда, ҳаҷми он на камтар аз 40 саҳифаи А4 бошад.
Филмномаҳо дар се нусха ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бояд пешниҳод карда шаванд. Муҳлати ниҳоии қабули филмномаҳо то 1 сентябри соли 2026 муқаррар шудааст.
Ғолибони озмун дар доираи Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» моҳи октябри соли 2026 муайян гардида, бо ҷоизаҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳамчунин филмномаҳои беҳтарин аз ҷониби Шурои бадеӣ барои наворбардорӣ тавсия мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь