Қабули ҳуҷҷатҳо барои соли таҳсили 2026–2027 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея оғоз гардид.
Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар заминаи ҳамкории судманд ва бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи дуҷониба бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея амалӣ мегардад.
Барои довталабони дорои сертификати сатҳи байналмилалӣ аз забони англисӣ ва кореягӣ имтиёзу дастгириҳои алоҳида пешбинӣ шудааст.
Хоҳишмандоне, ки забони кореягӣ ва англисиро намедонанд, метавонанд вобаста ба самт ва равияи касби оянда дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея дар даврҳои забономӯзӣ иштирок намоянд. Ҳамзамон дар асоси пешниҳоди дастгирӣ ва барномаҳои ҳавасмандгардонии донишгоҳҳо як сол забон омӯзанд.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро роҷеъ ба шароити таҳсил, номгӯйи ихтисосҳо, бартарият ва раванди қабул ба донишгоҳҳо аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» гиранд.

Орзуи Ҷумҳурии Корея дорӣ? Забон омӯз!
Блоки рекламавӣ


