Вазири корҳои хориҷаи Ҷопон дар изҳороте эълом кард, ки кишвараш дар авҷи вазъи бади инсонӣ, маҷмуан ба арзиши 15 миллион доллар кумакҳои фаврии башардӯстона барои Эрон, Лубнон ва Фаластин дар назар гирифтааст.
Ба гузориши шабакаи хабарии “NHK”, Тосимитсу Мутэги, вазири корҳои хориҷаи Ҷопон дар ҷараёни як нишасти хабарӣ чунин гуфта: “Ҷопон аз тариқи созмонҳои байналмилалӣ 10 миллион доллар барои Эрон, 4 миллион доллар барои Лубнон ва 1 миллион доллар барои Фаластин кумак ирсол мекунад”.
Мазбут Қосимов
Блоки рекламавӣ



