ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР
Қонуни мазкур мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявии томактабӣ, зинаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти калонсолон ба таълиму тарбия ва роҳбарӣ машғул мебошад;
2) мақоми омӯзгор – вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор дар ҷомеа мебошад;
3) омодасозии омӯзгор – раванди тайёркунӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор мебошад;
4) бозомӯзӣ – таҳсилоти баъдидипломӣ буда, бо мақсади азхудкунии ихтисоси нав гузаронида мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии мақоми омӯзгор
Мақоми омӯзгор аз принсипҳои зерин иборат аст:
1)қонуният;
2)инсондӯстӣ;
3)ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои омӯзгор;
4)мунтазам баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор;
5)таъминоти иҷтимоии омӯзгор;
6)ҳамкории омӯзгор бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар раванди таълиму тарбия;
7)дахолат накардан ба фаъолияти касбии омӯзгор;
8)манъи ҷалби омӯзгор ба корҳое, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд;
9)манъи санҷиш ва назорати ғайрисоҳавии фаъолияти омӯзгор.
БОБИ 2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ОМӮЗГОР
Моддаи 4. Эҳтироми шаъну шарафи омӯзгор
1. Шаъну шарафи омӯзгор дахлнопазир аст.
2. Эҳтироми шаъну шарафи омӯзгор аз ҷониби давлат ва ҷомеа таъмин карда мешавад.
3. Амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст.
Моддаи 5. Ҳуқуқҳои омӯзгор
Омӯзгор ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ ҳуқуқ дорад:
1) аз роҳбарияти муассисаи таълимӣ таъмини шароити заруриро барои иҷрои фаъолияти омӯзгорӣ талаб намояд;
2) муносибати эҳтиромонаро ба касби худ аз ҷониби таълимгирандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда) талаб намояд;
3) шакл ва усулҳои таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот интихоб намояд;
4) дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводди дигари таълимӣ иштирок намояд;
5) бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ озмоишҳои илмию педагогӣ гузаронида, таҷрибаи пешқадамро дар амал татбиқ намояд;
6) дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагонро дар раванди таълиму тарбия мустақилона ва воқеъбинона баҳодиҳӣ намояд;
7) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рухсатии меҳнатӣ барояд;
8) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузарад;
9) барои навовариҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар фаъолияти таълимӣ ҳавасманд гардонида шавад;
10) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию педагогӣ машғул шавад;
11) бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ аз аттестатсияи ғайринавбатӣ гузарад;
12) дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир гузорад;
13) дар шароити муассисаҳои таълимӣ ва ё хона ба фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ машғул шавад;
14) барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои касбӣ мутобиқи қонунгузорӣ узви иттифоқи касабаи кормандони соҳа бошад;
15) дар кори идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла фаъолияти кори шуроҳо ва комиссияҳо иштирок намояд;
16) ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
17) шахсонеро, ки ба раванди таълиму тарбия дахл надоранд, ба дарс роҳ надиҳад;
18) новобаста ба нафақа баромадан дар сурати хоҳиш доштан фаъолияти омӯзгориро идома диҳад;
19) аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.
Моддаи 6. Уҳдадориҳои омӯзгор
Омӯзгор уҳдадор аст:
1) раванди таълиму тарбияро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад;
2) ба амалҳое, ки шаъну шарафи омӯзгорро дар ҷомеа паст мезананд, роҳ надиҳад;
3) таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд;
4) шаъну шарафи таълимгарандагон ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда)-ро эҳтиром намояд;
5) барои баланд бардоштани сифати таҳсилот тадбирҳои зарурӣ андешад;
6) дар фаъолияти меҳнатӣ қоидаҳои пӯшидани либосҳои тавсияшударо риоя намояд;
7) дар раванди таълиму тарбия ба тарғибу ташвиқи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ роҳ надиҳад ва таълимгирандагонро ба азхудкунии ғояҳои сиёсию динӣ водор накунад;
8) бо таълимгирандагон, новобаста аз миллат, нажод, дин ва вазъи иҷтимоӣ муносибати беғаразона намояд;
9) ба гирифтан ва ҷамъоварии маблағҳо барои таҳсил, таъмири биноҳои муассисаи таълимӣ, обунаи нашрияҳо, гузаронидани дарсҳои кушод, зодрӯзи омӯзгор, занги камолот, рӯзи омӯзгор, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, театр, кино, корҳои ободонӣ, харидани маводди таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ аз таълимгиранда роҳ надиҳад;
10) ҳангоми баҳодиҳии сифати таҳсилот меъёри баҳогузориро риоя намояд;
11) уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.
Моддаи 7. Маҳдудиятҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ
Фаъолияти омӯзгории шахсони зерин маҳдуд карда мешавад:
1) шахсоне, ки тибқи санади судӣ аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ маҳрум гардидаанд ва ё барои давраи муайян аз ишғоли ин фаъолият дур карда мешаванд;
2) шахсоне, ки дорои бемориҳои рӯҳӣ ва равонӣ мебошанд;
3) шахсоне, ки воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро истеъмол мекунанд;
4) шахсоне, ки ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ҷиноят содир кардаанд;
5) шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд;
6) шахсони гирифтори бемориҳое, ки номгӯйи онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шудааст.
БОБИ 3. КАФОЛАТҲО ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ОМӮЗГОР
Моддаи 8. Кафолатҳо барои омӯзгор
1. Ба омӯзгор аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кафолат дода мешавад. Муассисаи таълимӣ ба омӯзгор барои гузаронидани раванди таълиму тарбия шароити зарурӣ фароҳам меоварад. Омӯзгор бо маводди таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ таъмин карда мешавад.
2. Ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор дорад. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.
3. Давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгор чораҳои зарурӣ меандешад. Омӯзгор аз муоинаи тиббї тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї гузаронида шуда, дар муассисаҳои тиббии давлатӣ бо хизматрасониҳои солимгардонӣ фаро гирифта мешавад.
4. Давлат ба омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, ташкили шароити заруриро кафолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ ва иҷораи манзили истиқоматӣ таъмин намудани омӯзгорони муассисаҳои тахсилоти умумӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ карда, барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба онҳо бе навбат чораандешӣ намоянд.
5. Омӯзгорони муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози замин озод мебошанд.
6. Пардохти музди меҳнат ба омӯзгор ва пардохти маблағи рухсатиҳои меҳнатӣ аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Батаъхиргузории пардохти музди меҳнат ва маблағи рухсатиҳои меҳнатии омӯзгор манъ аст. Аз музди меҳнати омӯзгор пардохт намудани маблағ барои обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, харидани маводди таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ манъ аст.
7. Ҳаққи роҳкирои омӯзгорон барои гузаштани курсҳои такмили ихтисос ва сафарҳои хизматии дигари берун аз воҳиди маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 9. Ҳавасмандгардонии омӯзгор
1. Омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонида мешаванд.
2. Дар муассисаҳои таълимӣ ҳамасола озмуни «Омӯзгори намунавии муассисаи таълимӣ» гузаронида шуда, ғолибон аз лиҳози моддӣ ва молиявӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
3. Ба музди меҳнати омӯзгоре, ки дорандаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, дар муассисаи таълимии ҷои кори асосиашон иловапулӣ ба меъёри 30 дар сади маош аз як сарчашма муқаррар карда мешавад, агар онҳо мутобиқи ихтисос кор кунанд.
4. Ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20 дарсади музди меҳнати амалкунандаашон дар давоми як соли таҳсили минбаъда пардохт карда мешавад.
5. Ба омӯзгор ҳамасола барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт карда мешавад.
6. Ба омӯзгор намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, пешниҳод карда мешаванд.
БОБИ 4. ДАХЛНОПАЗИРИИ ФАЪОЛИЯТИ КАСБИИОМӮЗГОР ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 10. Дахлнопазирии касбии фаъолияти омӯзгор
1. Фаъолияти касбии омӯзгор дахлнопазир аст. Омӯзгор ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, таҳқир, зӯроварӣ ва фишор ҳифз карда мешавад.
2. Амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ набояд монеаи иҷрои вазифаҳои касбии омӯзгор гарданд. Фаъолияти омӯзгор, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми раванди таълиму тарбия мавриди санҷиш ва назорат қарор дода намешавад. Омӯзгор набояд бо дахолати падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва шахсони алоҳида аз раванди таълиму тарбия дур карда шавад.
3. Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳифзи дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор тадбирҳои зарурӣ андешанд.
4. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва эҳтироми хосса касб намудани мавқеи ӯ дар ҷомеа мунтазам чорабиниҳои гуногун ба роҳ монда мешаванд.
Моддаи 11. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ
1. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дорои вазифаҳои зерин мебошанд:
1) шахсият ва фаъолияти касбии омӯзгорро эҳтиром карда, дар амалӣ намудани фаъолияти касбии ӯ мусоидат намоянд;
2) омӯзгорро ба кору фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд. Омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҷамъоварии маблағҳо барои андозҳо, обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, фаъолияти кишоварзӣ ҷалб карда нашавад;
3) ҳавасмандгардонии омӯзгоронро аз лиҳози моддӣ ва молиявӣ ба роҳ монанд, омӯзгорро, ки таълимгирандагонашон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонанд;
4) фаъолияти касбии омӯзгоронро берун аз раванди таълиму тарбия мавриди санҷиш ва назорат қарор надиҳанд;
5) омӯзгоронро вобаста ба масъалаҳои таълимгиранда берун аз вақти корӣ даъват накунанд;
6) корҳои тарғиботию ташвиқотиро оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ба роҳ монанд;
7) ҳангоми фаъолияти касбии омӯзгор аз талаб намудани маълумоти давравӣ оид ба доштани доғи судӣ худдорӣ намоянд;
8) барои ба роҳ мондани фаъолияти самараноки касбӣ ба омӯзгор шароити зарурӣ фароҳам оваранд;
9) барои гузаронидани муоинаи тиббї чораҳои зарурӣ андешанд;
10) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаш тан аз такмили ихтисос маблағ ҷудо намоянд;
11) аз музди меҳнати омӯзгор маблағҳо барои обунаи рузномаю маҷаллаҳо, чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, корҳои ободонии муассисаи таълимӣ, харидани маводди таълимӣ, методӣ, айёниятҳо, воситаҳои техникӣ ва лавозимоти дигари таълимӣ талаб накунад;
12) ба омӯзгороне, ки берун аз сарбории муқарраргардидаи таълимӣ, сарбории иловагии таълимӣ иҷро мекунанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнати иловагӣ пардохт намоянд;
13) барои бе навбат гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгоре, ки дар деҳот фаъолият дорад, мусоидат намоянд;
14) омӯзгоронеро, ки аз воҳидҳои маъмурию ҳудудии дигар ба деҳот барои таълиму тарбия сафарбар мешаванд, бо манзили истиқоматӣ ё маблағи иҷораи манзили истиқоматӣ таъмин намоянд;
15) иловапулӣ ба музди меҳнати омӯзгорро аз лаҳзаи гирифтани дараҷаи тахассусӣ пардохт намоянд;
16) ба талаб кардани ҳисобот ва ё маълумоте, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ алоқаманд намебошад, роҳ надиҳанд;
17) ба омӯзгор барои аъзо шудан ба иттифоқҳои касабаи кормандони соҳа ҷиҳати ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳояшон монеа нашаванд;
18) омӯзгорро ба таври афзалиятнок барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ пешниҳод намоянд;
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мониторинги иҷрои қисми 2 моддаи мазкурро гузаронида, аз натиҷааш ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.
БОБИ 5. ОМОДАСОЗИИ ОМӮЗГОР
Моддаи 12. Тайёркунии омӯзгор
1. Омӯзгор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тайёр карда мешавад.
2. Омӯзгор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври ройгон таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро мегирад.
Моддаи 13. Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгор
Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор
1.Аттестатсияи омӯзгор бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус ва такмил додани маҳорати касбии ӯ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Аттестатсияи омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь