Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон қонун “дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта”-ро қабул кард. Ин қонун 6-уми май тасвиб шуд. Таҳияи лоиҳаи қонун чанд сол аст, ки аз сӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дошт.
Ҳадаф аз таҳияи ин санад, таъмини дастрасии баробар ба таълим, тандурустӣ ва ҷойи кор барои маъюбон гуфта шудааст.
Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ҳанӯз соли 2018 аз сӯйи Президент Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд.
Дар Тоҷикистон 170 ҳазор шахсони маъюб зиндагӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь