Дар ноҳияи Панҷ пардохти рухсатпулии омӯзгорон пурра ба анҷом расида, барои ин мақсад беш аз 16 миллиону 177 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Сафарзода Абдулло дар суҳбат бо хабарнигори «Фараҳ» гуфт, ки дар ноҳия зиёда аз 2 ҳазор омӯзгор фаъолият дошта, то 22 июли соли ҷорӣ ҳамаи онҳо рухсатпулии худро пурра гирифтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, маблағҳои пешбинишуда сари вақт ба омӯзгорон пардохт гардида, ягон қарздорӣ дар ин самт боқӣ намондааст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Диловар Икромиддинзода низ ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр кард, ки омӯзгорони беш аз 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия рухсатпулии худро пурра дарёфт кардаанд.
Ба гуфтаи масъулон, пардохти пурраи рухсатпулӣ нишонаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи маориф ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон буда, барои бо рӯҳияи баланд омода гардидани онҳо ба соли нави таҳсил мусоидат мекунад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, ноҳияи Панҷ



