Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов бозии охиринро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 баргузор намуд.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар даври сеюм дастаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиро мусовӣ – 5:5 кард.
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо касби ҷойи дуюм дар гурӯҳи «А» ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, акнун бо тими Ҷопон қувва меозмояд. Ин вохӯрӣ 15 май баргузор мешавад.
Бо роҳ ёфтани дастаи наврасони Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоӣ онҳо соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2026 байни наврасон шуданд. Мусобиқа моҳҳои ноябр-декабри соли 2026 дар давлати Қатар баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь