Ҷоми Ҷаҳонии U-20 дар соли 2027 якбора дар ду кишвар-Ӯзбекистон ва Озарбойҷон доир мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии ФИФА хабар додааст.
Шӯрои ФИФА дархости муштараки Озарбойҷон ва Ӯзбекистонро тасдиқ кард. Ин аввалин бор дар таърих аст, ки мусобиқаи ҷаҳонии футбол байни дастаҳои мардона дар ду кишвар, ки ба конфедератсияҳои гуногун тааллуқ доранд, баргузор мешавад: Озарбойҷон узви УЕФА (Аврупо) ва Ӯзбекистон узви AFC (Осиё). Инчунин бори аввал аст, ки Ҷоми ҷаҳонии U-20 дар ду кишвар мегузарад.
Қарор дар натиҷаи ҷаласаи шӯрои ФИФА, ки 2 октябр баргузор шуд, эълон гардид. Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дархости муштаракро моҳи июли соли равон пешниҳод карда буданд. Ҷолиби диққат аст, ки қаблан Озарбойҷон дархостҳоро мустақилона пешниҳод карда буд, аммо онҳо қонеъ карда нашуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь