Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026-ум барои аввалин бор дар се кишвар – ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Канада ва Мексика – аз 11-уми июн то 19-уми июл баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат хоҳад кард. Ин дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳонии солҳои 1998-2022 шонздаҳ даста зиёд аст. Ҳамагӣ 104 бозӣ доир мегардад, ки ин барои қаҳрамонии ҷаҳон нишондоди рекордист.
Чаҳор кишвар – Кабо-Верде (Африқои Ғарбӣ), Кюрасао (Амрикои Ҷанубӣ), Узбекистон (Осиёи Марказӣ) ва Урдун (Осиёи Ғарбӣ) – дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввалин маротиба иштирок мекунанд.
Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии футбол бори аввал як даста аз Осиёи Марказӣ ширкат меварзад. Ин дастовард боис ба маҳбубияти футбол дар Узбекистон шуда, ҳаводорон мунтазири муъҷиза ҳастанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон таҳти сарварии барандаи “Тӯби тилоӣ”, футболбози машҳури Италия Фабио Каннаваро дар чорчӯби бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Узбекистон дар гурӯҳи “К” рӯзи 17-уми июн бо Колумбия, 23-юми июн бо Португалия ва 27-уми июн бо Ҷумҳурии Демократии Конго рӯбарӯ мешавад.
Ба навиштаи хабарнигори “Франс пресс”, барои аксар ҳаводорони футболи Узбекистон ҳузури футболбозони ин ҷумҳурӣ дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ як дастоварди бузург аст, сарфи назар аз натиҷа онҳо қаҳрамон ҳастанд. Ба қавли онҳо, мураббӣ Каннаваро низ бо ситораҳое чун Абдуқодир Ҳусанов, Аббосбек Файзуллоев ва Элдор Шомуродов метавонад дар мусобиқаи Ҷоми Осиёи соли 2027-ум пирӯзӣ ба даст орад.
Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум 48 дастаи мунтахаб, ки ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебарад.
Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳон-2026 чунин аст:
Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия
Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина
Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Гаити, Шотландия
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия
Гурӯҳи E: Олмон, Кюрасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай
Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун
Гурӯҳи K: ҶД Конго , Португалия, Узбекистон, Колумбия
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама
Бозиҳо дар 16 шаҳр баргузор мешаванд. Дар ИМА бозиҳо дар Атланта, Бостон, Даллас, Хюстон, Канзас-Сити, Лос-Анҷелес, Майами, Ню-Йорк, Филаделфия, Сан-Франсиско ва Сиэтл доир мегарданд. Мексикаро Гвадалахара, Мехико ва Монтеррей, Канадаро Торонто ва Ванкувер намояндагӣ мекунанд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.
Бояд гуфт, барои аввалин бор дар таърихи Ҷоми ҷаҳонӣ маросими ифтитоҳи мусобиқа се маротиба доир мегардад. Маросими аввал 11-уми июн (Мехикои Мексика) соати 21:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад. Маросими дувум 12-уми июн (Торонтои Канада) соати 21:30 бо вақти Душанбе сар мешавад. Маросими севум 12-уми июн (Лос-Анҷелеси ИМА) соати 15:30 бо вақти Душанбе шуруъ мегардад.
Даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11-ум то 17-уми июн баргузор мешавад. Мусобиқа дар Мехико 11-уми июн (бо вақти Душанбе соати 00:00 12-уми июн) бо бозии ифтитоҳӣ дар гурӯҳи А байни тимҳои миллии Мексика ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар варзишгоҳи “АтДар стека” (Estadio Azteca) оғоз меёбад.
Марҳилаи гурӯҳӣ
Даври 1-ум
12-уми июн (ҷумъа)
00:00 Мексика — Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ
07:00 Кореяи Ҷанубӣ — Чехия
13-уми июн (шанбе)
00:00 Канада — Босния ва Ҳерсеговина
06:00 ИМА — Парагвай
09:00 Австралия — Туркия
14-уми июн (якшанбе)
00:00 Қатар — Швейтсария
03:00 Бразилия — Марокаш
06:00 Гаити — Шотландия
22:00 Олмон — Кюрасао
15-уми июн (душанбе)
01:00 Нидерланд — Ҷопон
04:00 Кот-д’Ивуар — Эквадор
07:00 Шведия — Тунис
21:00 Испания — Кабо-Верде
16-уми июн (сешанбе)
00:00 Белгия — Миср
03:00 Арабистони Саудӣ — Уругвай
06:00 Эрон— Зеландияи Нав
09:00 Австрия — Урдун
17-уми июн (чоршанбе)
00:00 Фаронса — Сенегал
03:00 Ироқ — Норвегия
06:00 Аргентина — Алҷазоир
22:00 Португалия — ҶД Конго
18-уми июн (панҷшанбе)
01:00 Англия — Хорватия
04:00 Гана — Панама
07:00 Узбекистон — Колумбия
Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.
Коршиносон ба ин назаранд, ки тимҳои миллии Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, муддаиёни асосии медалҳои тилои Ҷоми ҷаҳонии 2026 мебошанд.
Ҳамчунин тимҳои миллии Англия, Португалия, Бразилия, Марокаш, Нидерланд, Белгия ва Олмон, ки дар радабандии FIFA ба даҳгонаи беҳтаринҳо дохиланд, барои ҷоизаҳо талош хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Фаронсаро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ 2:2, замони изофа – 3:3) шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.
Ба дастаи ғолиб Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 42 миллион доллари ИМА тақдим гардид. Ба дастаи Фаронса, ки ҷойи дувумро гирифт, медалҳои нуқра ва 30 миллион доллар сурпурда шуд.
Дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи севум тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, соҳиби медалҳои биринҷӣ ва 27 миллион доллар гардид.
Дар 22 мусобиқаи пешини Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳамагӣ ҳашт тими миллӣ аз ду қора – Амрико (3 даста) ва Аврупо (5 даста) – ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд:
Бразилия (5 бор): 1958, 1962, 1970, 1994, 2002;
Италия (4 бор): 1934, 1938, 1982, 2006;
Олмон (4 бор): 1954, 1974, 1990, 2014;
Аргентина (3 бор): 1978, 1986, 2022;
Уругвай (2 бор): 1930, 1950;
Фаронса (2 бор): 1998, 2018;
Англия (1 бор): 1966;
Испания (1 бор): 2010.
Нарзуллоҳи ЛАТИФ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь