Фаронса дар нахустин дидори худ дар Ҷоми ҷаҳони 2026 бо натиҷаи 3-1 ба дастаи мунтахаби Сенегал пирӯз омад.
Ду голи задаи шогирдони Дидйе Дешамро, – Килиан Мбаппе ва Бредли Баркола ва ягона голи Сенегал аз сӯйи Иброҳим Мбайе ба ҳадаф расиданд. Голҳо дар нимаи дуюми ин бозӣ, ки шаби гузашта дар Иёлоти Ню-Ҷерсии Амрико доир шуд,ба самар расиданд.
Пас аз ин рақобат, Фаронса соҳиби се имтиёз шуд ва Сенегал бидуни ба даст овардани хол майдонро тарк намуд.
Бояд гуфт, Мбаппе бо ду тӯбе, ки имшаб ба дарвозаи Сенегал ворид кард, шумораи голҳои худро дар ҳайати Фаронса ба 58 адад расонида, рекорди Оливйе Жируро (57 гол) шикаст ва беҳтарин нишонзан дар таърихи дастаи мунтахаби кишвараш гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь