Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракат нисбати даргузашти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Раҷаб Исмонов ба фарзандон, пайвандону дӯстони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва тассалият менамоянд.
Раҷаб Исмонов 5 октябри соли 1926 дар деҳаи Ҳаёти Нав, Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1944, дар синни 18 солагӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) дар ҷанги дуюми ҷаҳон бар муқобили фашизм, дар муҳорибаҳои шадиди озод намудани кишварҳои Украина, Полша аз фашистон иштирок карда, ғалабаро дар Берлин, пойтахти Олмон истиқбол гирифтааст.
Баъди Ғалаба бар фашизм ба зодгоҳ баргашта, то нафақа, 25 сол дар хоҷагии ”50-солагии Октябр” – и шаҳри Ҳисор ба ҳайси сардори бригада ифои вазифа кард.
Раҷаб Исмонов бо ордену медалҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, ифтихорномаҳои давлатӣ мукофотонида шуда буд. Ёди марди қаҳрамон ҷовидонӣ бод!

Охирин иштирокчии ҶБВ дар шаҳри Ҳисор даргузашт
Блоки рекламавӣ


