ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» бо дастгирии давлатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дубора ба кор дароварда шуд.
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» ташриф оварда, бо шароити корӣ, ҷараёни истеҳсолот ва нақшаҳои рушди минбаъдаи он аз наздик шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи аввал дар корхона зиёда аз 120 ҷойи кории доимӣ таъсис дода шудааст, ки аксаран сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулот ба корхона зиёда аз 300 адад техника ва воситаҳои нақлиёт ворид карда шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот афзоиш ёфта, корхона дар оянда ба яке аз марказҳои муҳими истеҳсолии минтақа табдил ёбад.
Масъулини корхона иброз доштанд, ки тибқи нақшаҳои пешбинишуда, то моҳи сентябри соли ҷорӣ шумораи ҷойҳои корӣ ба 300 нафар расонида мешавад. Ин тадбир ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодӣ дар шаҳри Кӯлоб мусоидат хоҳад кард.

Қоҳир Расулзода дар ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб»
Блоки рекламавӣ


