11 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо Мудири кулли ин Созмон Тсюй Дунъюй мулоқот кард.
Ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони мазкурро баррасӣ намуданд.
Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки кишоварзӣ яке аз бахшҳои стратегии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ монда, рушди саноати миллӣ аз он вобаста аст. Маҳсулоти кишоварзӣ дар иқтидори содиротии кишвар ҳиссаи назаррас дорад.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, ба таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва масъалаи ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки аз 11 то 15 май Душанбе мизбони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ҷаласа ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи табдили низоми агроозуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ равона мегардад.

Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсюй Дунъюй мулоқот кард
Блоки рекламавӣ


