Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе шурӯъ намуд.
Парвандаро Оҷонсии зидди фасод таҳқиқ карда, моҳи апрел ба Додгоҳи олӣ фиристод. Парвандаи Абдуллозода вазердастонаш зиёда аз 1 миллиард сомониро фаро мегирад. Додгоҳи олии Тоҷикистон аввали моҳи май ба баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи Фурудгоҳи Душанбе оғоз кард. Дар мурофиаи аввал додрас ҷонибҳоро ба натиҷаҳои тафтиш ва маводи парванда шинос намуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон аввали моҳи май ба баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи Фурудгоҳи Душанбе оғоз кард. Дар мурофиаи аввал додрас ҷонибҳоро ба натиҷаҳои тафтиш ва маводи парванда шинос намуд. Мурофиаи Исматулло Абдуллозода барои ҳама боз аст. Намояндагони Додгоҳи олӣ гуфтанд, “дар муҳлати муқарраркардаи қонун ба номаи шумо посух медиҳем”. Қонун ин муҳлатро ҳадди аксар 30 рӯз муқаррар намудааст.
Панҷ айбдоршавандаи ин парванда, ки якҷо бо Абдулллозода ба тасарруфи як миллиарду 245 миллион сомонӣ, баробари беш аз сад миллион доллар, гумонбар мешуданд, бо пӯшонидани зарари молӣ ва ҳам пардохтани ҷарима озод гашта, ҳоло дар курсии айбдорӣ танҳо ӯ нишастааст. Ҳукми ин панҷ нафар охири моҳи март аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе содир шуда буд.Исматулло Абдулллозода нӯҳ сол раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буд. Ӯро моҳи майи соли 2025 аз мақомаш барканор ва дастгир карданд. Ҳамроҳи ӯ, муовинаш ва чанд масъули дигари Фурудгоҳ боздошт шуданд, ки тибқи иттилоъ бо пардохти ҷарима акнун озод шудаанд.
Аз моҳи май то сентябр Абдуллозода ва зердастони собиқаш дар боздошт буданд, вале моҳи сентябр мақомот онҳоро бо шарти берун нарафтан аз макони зист озод кардаанд.
Оҷонсии зидди фасод он вақт гуфт, се нафар Аслиддин Меликзода, муовини собиқи раиси фурудгоҳ, Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ ва Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ зарари расондаро пурра пардохт карданд. Худи Абдуллозода бошад, 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, ба гуфтаи Оҷонсии зидди фасод бояд боз бештар аз 922 миллион сомонии дигарро баргардонад.

Оғози мурофиаи Исматулло Абдуллозода
Блоки рекламавӣ


