16 апрели соли 2026 дар Кохи фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд Форуми сеюми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» расман оғоз гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуда, дар он зиёда аз 500 намояндаи соҳаи сайёҳӣ аз 9 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Ин нишондо аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Ҳадафи асосии форум муаррифии захираву имкониятҳои сайёҳии кишвар, таҳкими ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ ва фароҳам овардани замина барои табодули таҷриба байни мутахассисони соҳа мебошад. Интизор меравад, ки дар доираи он роҳҳои нави ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ баррасӣ гарданд.
Қисмати расмии чорабиниро Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ нақши калидии вилоятро дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар таъкид кард. Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд барои пешбурди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла фароғатӣ, солимгардонӣ, тиббӣ, кӯҳнавардӣ ва варзишӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ, этнографӣ ва тиҷоратӣ имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Ташкили чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани нуфузи минтақа ва муаррифии бештари мероси ғании таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Оғози Форуми байналмилалии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим»
Блоки рекламавӣ


