Шаҳрванд Содиқов Маннон Ҳасанович соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара аз 27-уми апрели соли 2026 ҳамчун шахси бе ному нишон гумшуда ба қайд гирифта шуда, баъди гузаштани 5 рӯз ҷасади номбурда дар зери хок аз манзили зисти сохтмонаш нотамоми шаҳрванд Юлдошев Абдунабӣ, воқеъ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурх шаҳри мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ВКД муайян карда шуд, ки шаҳрванд Бобоев Эҳсон Комилбоевич соли таваллудаш 1995 ва тағояш Шарипов Юсуф Мусобоевич соли таваллудаш 1980 сокинони ҷамоати деҳоти Сурх дар асоси маслиҳати пешакӣ 27-апрел тахминан соати 03:00-дақиқа бо мақсади содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ Содиқов Маннонро бо баҳонаи ба шаҳри Душанбе рафтан ва аз маҳбас озод намудани фарзандаш Содиқов Абдусалом, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 33-77 ZZ 02 савор карда, ба самти шаҳри Исфара ҳаракат намудаанд.
Гумонбарон дар дохили воситаи нақлиёт дастони Содиқов Маннонро бо ресмон баста, 100.000 доллари ИМА-ро, ки бо худ доштааст тасарруф намуда, ба манзили зисти сохтмонаш нотамоми шаҳрванд Юлдошев Абдунабӣ омада, дар таҳхонаи он бо истифода аз корди хоҷагӣ, 2-маротиба ба қисми чапи китф ва 7-маротиба ба қисмати рости гардани Содиқов Маннон зарба зада, ба ҳалокат расонидаанд ва ҷасдро дар саҳни манзили истиқоматӣ зери хок намудаанд
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ гумонбарон-содиркунандагони ҷинояти махсусан вазнин Шарипов Юсуф ва Бобоев Эҳсон дастгир карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь