Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ як далели содир намудани ҷинояти одамкушӣ бо истифода аз силоҳи шикорӣ ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
Гумонбаршуда Исамурадов Юсуфбек Буриевич, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба ҳайси чӯпон фаъолият мекард, бо корфармо Раҳмонов Илҳомҷон Муҳаммадович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар заминаи пардохти музди меҳнат муноқиша карда, бо истифода аз силоҳи шикории суфтамил шаҳрванд Раҳмонов Илҳомҷонро парронида, ба ҳалокат расонидааст.
Ин ҳодиса санаи 10-уми майи соли 2026, тақрибан соатҳои 19:00 дақиқа дар заминҳои чарогоҳи деҳаи Эсанбой содир шуда, гумонбар барои рӯйпуш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасади Раҳмонов Илҳомҷонро дар чарогоҳ зери хок намудааст.
Дар натиҷаи доир намудани коркардҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷиноят ошкор ва гумонбар боздошт гардид.
Албатта, аз ҳаёт маҳрум намудани инсон ва ҳатто шунидани ин хабар нороҳаткунанда аст, зеро ҳаёт барои мавҷудоти зинда неъмати барқаронашаванда мебошад, дар баробари ин одамкушӣ, ҷинояти дараҷаи хавфнокияш махсусан вазнин буда, дар озоди будани шахси чунин ҷиноят содир намуда, ба ҷамъият хавфу хатар дорад.
Айни ҳол гумонбаршуда Исамурадов Юсуфбек дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь