Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти гумруки вилояти Хатлон 134 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 4 ҳолати ҷиноятиро ошкор ва ба қайд гирифтаанд. Дар баробари ин, аз гардиши ғайриқонунии беш аз 2,5 килограмм маводи мухаддир низ пешгирӣ шудааст.
Дар ин бора сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Эраҷ Ҳалимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, вобаста ба ҳамаи ҳолатҳои ошкоршуда парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба шахсони гунаҳкор тибқи талаботи қонун чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Зикр гардид, ки аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 272 ҳазору 190 сомонӣ ҷарима таъин гардида, ин маблағ пурра ба буҷет ситонида шудааст.
Ҳамзамон, дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук 2 килову 582 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст. Аз ҷумла, 9,28 грамм ҳашиш, 565 грамм героин, 2 килову 6 грамм афюн ва 1,16 грамм ҳабҳои психотропии навъи «Метадон» аз гардиши ғайриқонунӣ боздошт гардидааст.
Масъулон таъкид карданд, ки мақомоти гумруки вилояти Хатлон ҷиҳати ҳифзи амнияти иқтисодӣ, мубориза бо қочоқ ва таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ фаъолияти худро минбаъд низ тақвият хоҳанд бахшид.



