Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Данғара яке аз кормандони Шабакаи тақсимоти барқи ноҳияро бо иттиҳоми фиреби мардум ва зиён расондан ба ин муассиса дастгир кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май хабар дод, Раҳимов М.С сокини 32-солаи ноҳияи Данғара, нозири ҷамъияти саҳҳомии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба он гумонбар мешавад, ки бо тағйир додани иттилоъ дар компютерҳои шабака ба ҳисоби сокинони деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара бештар аз 73 ҳазор киловат соати нерӯи барқи изофӣ навишта аз ин роҳ ба ҳисоби муассисаи худ бештар аз 30 ҳазор сомонӣ зиён расонидааст.
Ҳоло нозири собиқи муасссисаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сохтакорӣ ва тағйир додани иттилооти компютерӣ муттаҳам мешавад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь